Бархӯрди «Опел-Астра» бо ду мошини «Мерседес-бенс»

Июль 11, 2016 16:40

Душанбе, 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 июли соли равон  тахминан соати 21:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», марди 38-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи марди 32-солаи сокини ноҳияи Бӯстон бархӯрда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши мошини дигари тамғаи «Мерседес-Бенс», ронандааш зани 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.
Бо рух додани чунин бархӯрд, ронандаи мошини «Опел-Астра» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд.

Июль 11, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид