Бо сабаби боришоти шадид дар Чин сатҳи норинҷии хатар эълон гардид

Июль 1, 2016 16:11

Душанбе, 01.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Маркази обуҳавошиносии  Чин бори нахуст дар соли равон бинобар сабаби боришоти шадид дар минтақаҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва марказии Чин сатҳи норинҷии хатарро эълон кард.
Бино ба иттилои агентии  «Синхуа», обуҳавошиносон  дар чор рӯзи оянда  боронҳои шадид, бодҳои сахту киштишикан ва гирдбодҳоро дар музофотҳои Анхой, Хэнан, Хубэй ва Хунан пешгӯӣ кардаанд.
Тибқи маълумоти марказ, эҳтимолияти беш аз 400 мм боришот дар ин минтақаҳо дар назар аст.
Бояд гуфт, ки дар моҳи июн дар музофоти Сзянсу (шарқи Чин) беш аз сад нафар қурбонии тӯфон шуданд.

Июль 1, 2016 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид