Дар дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шуд
Душанбе, 22.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйирот дар нимсолаи аввали соли 2016 -33811,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт-2581,3 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ 12657,1 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат16558,5 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ 915, 0 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ 1100,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
«Бо мақсади назорати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, мақсаднок ва самаранок истифодабарии онҳо дар муассисаву ташкилоти буҷетии низоми Вазорат дар дастгоҳи марказии вазорат шуъбаи аудити дохилӣ таъсис гардида, дар тӯли нимсола фаъолияти аксари ташкилоту муассисаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод», — иттилоъ дод Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






