Дар Душанбе оид ба вазъи амният дар Афғонистон брифинг доир гардид
Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 22 июл дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба вазъи амният дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, ҳайати ИМА-ро муовини якуми намояндаи махсус оид ба Афғонистон ва Покистон Лорел Миллер роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар брифинг намояндагони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати ИМА ба саволҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили мавриди эҳтимом посух дод.
«Бояд зикр кард, ки аз соли 2011 то ин замон ҷониби ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ брифинг оид ба вазъи Афғонистон барпо менамояд. Ҳадаф аз он табодули назар доир ба раванди барқарорсозӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мебошад», — омадааст дар изҳороти ВКХ-и кишвар.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






