Дар Конибодом сохтани синфҳои иловагӣ шурӯъ шуд
Конибодом, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шурӯъ гардид.
7 июли соли равон ба ин муносибат дар мактаби мазкур ҷамъомад доир шуд, ки дар он роҳбарият, сокинони маҳаллаҳои ба номи А.Шукуров ва С.Боҳиров, кумитаи падару модарони мактаб иштирок карда, таклифҳои худро бобати сохтмони синфхонаҳо баён доштанд.
Бояд зикр кард, ки сохтмони ин синфхонаҳо ба тариқи ҳашар сурат гирифта, худи сокинони деҳа ба бунёдаш камари ҳиммат бастаанд.
Мақсад аз сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ ин ба таҳсил фаро гирифтани шумораи бештари хонандагони ҳудуди маҳал ва хубтар ба роҳ мондани раванди таҳсил мебошад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






