Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ панҷ кас ба ҳалокат расид

Июль 19, 2016 13:32

Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  17 июли соли равон  тахминан соати 20:00 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифии ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Дэу-Лассети» таҳти идораи марди 33-солаи сокини ш.Душанбе бархӯрдааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар натиҷаи чунин бархӯрд ронандани мошини тамғаи «Дэу-Лассети» ва мусофири мошини мазкур марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ як нафар мусофири мошини тамғаи «Опел-Вектра», марди 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18 июли соли равон тахминан соати 12:10 ронандаи мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс», ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди деҳаи Боғпарвари ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, писарбачаи 13-солаи сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз тахминан соати 10:20  ронандаи мошини  тамғаи «Мерседес-Бенс 350», ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара дар километри 45-уми ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 150-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошини зикргардида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири он зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе айни замон дар беморхона қарор дорад.
17 июли соли равон тахминан соати 23:30 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Конибодом-Хуҷанд» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар ин садамаи нохуши нақлиётӣ пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 18 июл тахминан соати 14:30 ронандаи  мошини  тамғаи  «Опел-Вектра», ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри мазкур, ки мошини номбурда ба амакаш, марди 33-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, ҳангоми  ҳаракат кардан бо кӯчаи С.Абдуазизов, ҷамоати деҳоти Х.Усмони шаҳри Бӯстон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори ҳавлии истиқоматӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини мазкур ноболиғи 8-сола сокини шаҳри Бӯстон, хонандаи синфи 3-юми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Июль 19, 2016 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид