Дар ноҳияи Айнӣ бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ таъмиру навсозӣ карда шуд
Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ бинои шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шуъбаи мазкур бо харҷи наздик ба 900 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ шуда, ба табибони беморхона ва беморон шароити хуби корию табобати саривақтӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин барои ташхису муолиҷаи хуби беморон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба шуъбаи касалиҳои сироятии Беморхонаи маркази ноҳия таҷҳизоти нав тақдим гардид.
Беморхонаи нав имконият медихад, ки дар як рўз ба 100 — 150 нафар беморон хизмати тиббӣ расонида шавад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






