Дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Авасто» гӯшаи «Асбобҳои миллии мусиқӣ» таъсис дода шуд

Июль 23, 2016 11:03

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» гӯшаи нави доимоамалкунанда ба номи «Асбобҳои миллии мусиқӣ» мавриди тамошои бинандагон қарор дода шуд.
Бинобар иттиллои сармуҳофизи фонди осорхона Сафармо Ятимова, дар гӯшаи мазкур асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили сози миллӣ, рӯбоби бадахшонӣ, дутор, думбура, танбӯр, тори бадахшонӣ, таблак, най, доира, тори озарӣ, ғижак, сози миллӣ, зардеворӣ ва дигар намудҳои асбобҳои милии мусиқӣ, ки ба аввалҳои асри 20 мутааллиқанд, ҷамъоварӣ гардида, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Маъмурияти осорхона бо мақсади таълим ва фаҳмондадиҳии роҳбаладон ва ходимони илмӣ оид ба гӯшаи навтаъсиси «Асбобҳои миллии мусиқӣ» Тағойназар Ҳайдаров, омӯзгори Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппа, мусиқишинос ва дорандаи унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намуд, то оид ба ҳар як асбоби миллии мусиқӣ, ки дар гӯша овезон аст, маълумоти мухтасар диҳад
Мақсад аз таъсиси гӯшаи «Асбобҳои миллии мусиқӣ» дар осорхона, пеш аз ҳама, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифз намудани асбобҳои миллии мусиқӣ ва ҷалби бештари тамошобинон мебошад.

Июль 23, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд