Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор тонна ҳосили ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 307 ҳазору 509 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо гузаронида шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон майдони 158 ҳазору 379 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки 51,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ ба 433 ҳазору 424 тонна баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 ҳазору 292 тонна зиёд мебошад.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 209 адад комбайнҳои ғалладарав мавриди истифода қарор гирифтанд.








Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд






