Дастгирии бечорагону барҷомондагон дар Иди саиди Фитр

Июль 8, 2016 15:39

Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, ятимон ва табақаҳои камбизоат дар арафаи Иди саиди Фитр ба 10 ҳазору 791  нафар маъюбу барҷомонда, 624 нафар ятим ва 22 ҳазору 774 нафар аз оилаҳои камбизоат ба маблағи 6 349 403 сомонӣ кӯмак расонид.
Инчунин баҳри иҷрои дастури Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар рӯзи Иди Фитр ба мактаб — интернатҳо ба маблағи 6722 сомонӣ, хона  интернатҳо барои пиронсолону маъюбон 2430 сомонӣ, оилаҳои бесаробон 14 580 сомонӣ, ба оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта 95 424 сомонӣ, оилаҳои камбизоат 23 7041 сомонӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат 18 264 сомонӣ, ба ятимон 900 555 сомонӣ кумак расонида шуд.

Июль 8, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст