Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМА баррасӣ гардид
Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб /АМА/ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ рӯзи 21 июл дар мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ бо Вазири энергетикаи ин кишвар Суҳайл Муҳаммад ибни Фараҷ Ал Мазруӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот инчунин натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба АМА ва иқдомҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дуҷонибаи ноилшуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






