Фаъолияти ШВКД-и шаҳри Турсунзода дар мубориза бо ҷинояткорӣ боз ҳам пурзӯртар хоҳад шуд
Душанбе, 09. 07.16. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбачаи милитсияи деҳоти «Гулхас»-и ШВКД дар шаҳри Турсунзода ба фаъолият шуруъ кард.
Дар маросими ифтитоҳи шуъбача вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бояд зикр кард, ки шуъбачаи навбунёд аз ду ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.
Шӯъбачаи мазкур дорои нуқтаи гузаргоҳ, қисми навбатдорӣ, 6 ҳуҷраи корӣ барои нозирони минтақавӣ ва 1 ҳуҷра барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин толори маҷлисгоҳ ва тавақуфгоҳ мебошад.
Зикр гардид, ки бунёди ин шӯъбача барои пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки робитаи аҳолии деҳаи Гулхаси ҷамоати деҳоти Работ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қавитар гардад.
Бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ, Раиси шаҳри Турсунзода Саломзода Сиҷоуддин ва як қатор соҳибкорони ватанӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти милитсия ва гузоштани саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагӣ бо медали «Барои ҳамкорӣ» сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






