Имрӯзу пагоҳ аз сайругашт зери нурҳои офтоб худдорӣ намоед!
Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи ҳаво дар чанд рӯзи охир дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда боқӣ монда, гузашти абрҳо ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар минтақаҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Тибқи иттилои кормандони Агентии давлатии обуҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 8 ва 9-уми июл дар баъзе минтақаҳои кӯҳии кишвар боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯйӣ мешавад.
Рӯзҳои 10 то 14-уми июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ баланд гардида, то 42 дараҷа мерасад. Чунин гармии ҳаво дар фасли тобистон барои кишвари мо муқаррарӣ буда, дар ин мавсим чун ҳарвақта ҳамин гуна гармӣ ба қайд гирифта мешавад. Худдорӣ кардан аз сайругашт дар кӯчаву хиёбонҳо зери нурҳои офтоб тавсия дода мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






