Иттифоқи «Тоҷикматлубот»: ҳаҷми содирот рӯз то рӯз меафзояд

Июль 21, 2016 14:49

Душанбе, 21.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содирот ба хориҷи кишвар афзуда, дар маҷмӯъ 1640,2 тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 549 тонна зиёд мебошад»,- зикр намуд муовини сардори раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки аз маҳсулоти содиротӣ асосан пиёз, зардолу ва гелос ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистон,  Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шуданд. Пиёз аз шаҳру вилоятҳои Хатлон ва зардолуву гелос аз ноҳияи Ашт ҷамъоварӣ гардиданд.
«Дар айни ҳол нишондодҳои содирот ба дигар давлатҳо  назаррас аст ва «Тоҷикматлубот» барои ба роҳ мондани содироти ангур, лиму ва хушкмева омодагӣ гирифта истодааст»,-афзуд Х. Сангаков.

Июль 21, 2016 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад