Китоби нав: «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон»

Июль 11, 2016 16:35

Душанбе, 11.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қ. Партоев, Ш.Ясинов, Н.Сайдалиев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон» китоби навро ба табъ расониданд.
Китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур, ки таи солҳои охир дар шароити Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудаанд.
Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ бо шеваи осону оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт,  топинамбур (ноки заминӣ Helianthus tuberosus l.) маълумотҳои заруриро ба хонандагон пешкаш намудаанд. Дар китоб маълумотҳои зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озӯқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.
Муаллифони китоб инчунин чандин намуди ғизоҳо ва хӯрокиҳоро, ки аз топинамбур тайёр карда мешаванд, дар китоб нишон додаанд. Махсусан, маълумот дар китоб гирд оварда шуда, ки доир ба табобати касалиҳои қанд, қалб, меъда ва дигар узвҳои инсон, бо истифодабарии лӯндаҳои ин растании табобатӣ нишон дода шудааст, хело муфид мебошанд.
Натиҷаҳои илмие, ки бо роҳи гузаронидани кишти омехтаи топинамбур, ҷуворимакка ва офтобпараст, ки боиси то ба 270 т/га расидани ҳосили баргу пояи сабзи зироатҳо, зиёд гаштани шири чорвои ширдеҳ аз истифодаи чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва серҳосил будани навъи нави топинамбур  «Сарват» оварда шудаанд. Дар китоб омадааст, ки то кунун аз тарафи олимони тоҷик бештар аз 20 навъҳои серҳосили топинамбур гирд оварда шудаанд, ки онҳо дорои хусусиятҳои гуногунии биологӣ ва хоҷагӣ мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки муҳаррири китоб ҷонишини директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технолгияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кимиё, академик Ҳ. Ахмедов ва муқарризон ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), доктори илмҳои кишоварзӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) Т.Ахмедов, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, А. Салимов, мушовири илмии ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) М.Сардоров низ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки китоб оммафаҳм ва бо шеваи осон баён иншо гардад. Аз маълумоту тавсияҳои илмии дар китоби мазкур оварда шуда, донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар, коллеҷҳо, кормандони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тадқиқотӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон дар оянда метавонанд дар таҷрибаҳои илмию истеҳсолиашон истифода баранд, ки ин баҳри рушду нумӯи ояндаи топинамбурпарварӣ дар Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад.

Июль 11, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид