«Корманди политсия бояд ҳаракат, ҳиссиёт, эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор диҳад» — лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия пешниҳод гардид

Июль 11, 2016 16:32

Душанбе 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии мамлакат лоиҳаи «Кодекси одоби корманди политсия»-ро таҳия ва барои омӯзиш пешниҳод кардааст. Лоиҳаи пешниҳодшудаи «Кодекси одоби касбии корманди политсияи Тоҷикистон» аз маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия иборат ёфта, дар он тартиби муошират, рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии кормандони политсия инъикос ёфтаанд.
Тавре масъули Вазорати корҳои дохилӣ Маҳбуба Гул ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, кодекси мазкур дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандони ВКД таҳия гардида, ҳадаф аз қабули он муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия, мусоидат намудан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманди политсия, таҳкими эътимод ва боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи кодекси мазкур тибқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» таҳия гардида, дар он аз ҷумла омадааст: «Корманди политсия бояд ҳаракат, ҳиссиёт, эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор дода, бо ҳусни таваҷҷуҳ ё нафрат, душманӣ, ҳиссиёти дӯстии шахсӣ дар қабули қарорҳои хизматӣ роҳ надиҳад, натиҷаи ҳаракат ва рафтори худро пешбинӣ карда тавонад, дар муомила бо ҳамкасбон хоксор бошад, аз муваффақиятҳои ҳамкасбонаш сидқан шод шуда тавонад ва дар иҷрои супоришҳои мушкил, ки ба онҳо дода шудааст, мусоидат намояд, ба худситоӣ, лофзанӣ, ҳасад ва бадхоҳӣ таҳаммулпазир бошад, корманд-мард нисбат ба занҳо ҷавонмардӣ зоҳир намояд, дар хизмат ва ҳаёти ҳамарӯза бо хушмуомила ва боадаб бошад». Назорат аз болои риояи кодекс аз тарафи Комиссия оид ба одоби касбӣ, мутобиқ ба санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, барои риоя накардани талаботи кодекси мазкур ҷавобгарии мутаносиб пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Маҳбуба Гул, лоиҳаи «Кодекси одоби корманди политсия» дар сомонаи ВКД ҷой дода шуда, шаҳрвандону мутахассисон ва коршиносон метавонанд ба он шинос шаванд, фикру мулоҳизаҳои худро изҳор кунанд ва дар сурати мавҷуд будани пешниҳодот барои ворид намудани тағйиру иловаҳо бевосита ба мутассадиёни ВКД ба воситаи сомона муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ВКД «Кодекси одоби касбии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад, ки соли 2011 бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ тасдиқ шудааст.

Июль 11, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд