Милитсияи ман-ҳимоятгари давлати ман
Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки журналистони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ дар давоми шаш моҳи соли равон иттилоъ дода, изҳор намуд, ки кормандони мақомоти милитсия дар давраи ҳисоботӣ сар задани чор амали террористиро ошкор ва пешгирӣ карданд.
Ин ашхос қаблан ба гурӯҳҳои террористии дар Сурия ва Ироқ фаъолиятдошта ҳамроҳ шуда, сипас, бо мақсади содир кардани амали террористӣ таркишҳо дар Душанбе, ноҳияи Панҷакент ва шаҳри Хуҷанд ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар натиҷаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ВКД сар задани амалҳои террористӣ пешгирӣ гардида, аз ватанфурӯшон китобҳои динии манъшуда, варақаҳои таблиғотӣ, маводҳои тарканда, силоҳ, фиттаҳои таблиғотӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷинояткорони бедину бе диёнат, бе миллату бе мазҳаб бо супориши роҳбарони гурӯҳи террористии ба ном «давлати исломӣ» ҳадаф доштанд, ки дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир кунанд, хушбахтона онҳо ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд.
Аз тарафи мақомоти корҳои дохила дар давоми нимсолаи аввал 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-эктремистӣ дошта ошкор карда шуда, 368 нафар аъзои гурӯҳи террористӣ-экстремистӣ муайян ва дастгир шудаанд.
Вобаста ба шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳайати гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҷангии Сурия ва Афғонистон иштирок мекунанд, Р. Раҳимзода, вазири корҳои дохилии мамлакат изҳор кард, ки пайвастшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла бо ворид кардани таѓйирот дар қонунгузорӣ барои аз ҷавобгарӣ озод намудани шахсоне, ки ихтиёран бармегарданд, зиёда аз 50 нафар аз майдонҳои ҷанги кишварҳои хориҷӣ баргаштанд.
«Бештари онҳое, ки ба гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ ҳамроҳ шуданд, вақте фаҳмиданд, ки дар Сурия ва Ироқ ягон ҷиҳод нест, роҳи рафтан ба биҳишт нест, балки ҷои қатлу куштори оммавии одамони бегуноҳ аст, аз кардаи худ пушаймон гаштанд», — гуфт Р.Раҳимзода ва чунин илова кард: «яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани пайвастшавии тоҷикон ба гурӯҳҳои террористӣ низ ҳамин мебошад».
Ҳамчунин дар натиҷаи ҳамкории судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ қариб ҳар рӯз дар Русия, Украина, Лаҳистон ва Олмон шаҳрвандони дар кофтукоби байналмилалӣ қарордошта боздошт мешаванд. Ҳоло гуфтушунидҳо дар мавриди баргардонидани ин ҷинояткорон ба Тоҷикистон идома доранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, давоми давраи ҳисоботӣ 342 ҷиноякор дар кофтукови байналмилалии Интерпол эълон шуданд, ки аз ин миқдор 275 нафар барои даст доштан ба ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм гумонбар дониста мешаванд.
Дар баробари ҳамин, оид ба иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалҳои террористии Туркия ва дигар кишварҳо ягон маълумот расман вуҷуд надорад.
Мавриди зикр аст, ки сол ба сол сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди мамлакат кам гашта, ҷиноятҳои содиршуда дар муддати кӯтоҳ кушода мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми шаш моҳи аввал 39 ҳодисаи одамкушӣ содир шудааст, ки аз ин шумора танҳо ду ҳодисаи куштор дар Панҷакент нокушода боқӣ мондааст.
Кормандони мақомоти милитсия пеш аз ҳама узви ҳар як оилаи Тоҷикистон мебошанд ва муомилаву муносибати неку созандаи кормандони милитсия бо шаҳрвандон ва шаҳрвандон бо кормандони милитсия мебояд аз рӯи ҳурмату эҳтиром, боварӣ ва эътимод ба ҳамдигарӣ сурат гирад.








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






