Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Кадом шаҳр ё ноҳияи Тоҷикистон соҳиби «Ҷоми Ҷамшед» мешавад?

Июль 22, 2016 17:50

Душанбе, 22. 07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ  идома дошта, корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Дар вилояти Хатлон низ марҳилаи дуюми мусобиқа мазкур  ҷамъбаст гардида, марҳилаи сеюми мусобиқа дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ натиҷагирӣ карда мешавад.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон масъул буда, дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои марҳилаи якум ва дуюм ба фаъолияти комиссияҳо мусоидат намуданд.
Даврон Валиев, муовини сардори Сарраёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумита оид ба баргузории марҳилаҳои якум ва дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки  дар 17 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 22 ҷамоатҳои шаҳрак мавҷуд буда, танҳо ҷамоатҳои шаҳрак аз ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ёвон ва Ҷ.Балхӣ ҳамчун ғолиби мусобиқа ва боқимонда барои иштирок ба Комиссияи вилоятӣ пешниҳод гардиданд. Дар 41 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз ҷумла 17 ҷамоати шаҳрак ва 24 ҷамоати деҳот, ки дар марҳилаи дуюми мусобиқа иштирок ва ғолиби мусобиқа  гардиданд, шумораи аҳолӣ 565862 ҳазор нафар буда, 292 деҳа, 301 маҳалла, 118048 оила мавҷуданд ва муассисаҳои соҳаи фарҳанг 175 адад, маориф 308 адад, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 185 адад, варзиш ва сайёҳӣ 235 ададро ташкил медиҳанд.
Дар асоси қарори Комиссияи вилоятӣ ғолибони марҳилаи дуюми мусобиқаҳо дар шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои таҷлили ҷашни 19-солагии Ваҳдати миллӣ бо нишони хотиравӣ (вимпел), шаҳодатномаи ғолиби мусобиқа, туҳфа ва мукофотҳои пулию молӣ дар ҳаҷми аз 300 то 3000 сомонӣ сарфароз гардиданд.
Даврон Валиев иброз дошт, ки марҳилаи сеюми Мусобиқа дар сатҳи вилоят гузаронида мешавад ва ғолибони мусобиқа аз ҷониби Комиссияи вилоятии мусобиқа мукофотонида шуда, рӯйхати ғолибоне, ки ҷойҳои беҳтаринро тибқи қоидаҳои Мусобиқа соҳиб мешаванд, ба комиссияи ҷумҳуриявӣ барои иштирок дар даври ниҳоӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гузаронида шуда истодааст.
Барои ғолибони ҷойҳои беҳтарин шоҳҷоизаҳо муқаррар шуда, барои беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ «Ҷоми Ҷамшед» ва барои вилояти беҳтарин «Ҷоми Истиқлолият» бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа гардидаанд. Ин ҷоизаҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат супорида мешаванд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон гузаронида мешавад.

Июль 22, 2016 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст