На камтар аз 20 нафар бар асари таркиши мина дар Сомалӣ ба ҳалокат расиданд

Июль 1, 2016 11:42

Душанбе, 01.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Рӯзи панҷшанбе, дар наздикии пойтахти Сомалӣ шаҳри Могадишо таркиши мина, ки дар  роҳ монда шуда буд, ба амал омад ва дар натиҷа на камтар аз бист ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад  «Синхуа».
Автобус ба канораи роҳ, тақрибан 20 километр дуртар аз Могадишо, ки мина гузошта шуда буд, ҳаракат кард ва дар натиҷа бисёре аз мусофирон ба ҳалокат расиданд.
Афсари полис гуфт, ки мақсади ҳамла автомобили ҳарбӣ буд.
Як сокини маҳаллӣ ба Синхуа хабар дод, ки таркиш боиси ваҳм дар байни аҳолӣ гардид.
Ягон созмон ё шахсе масъулияти ин ҳамларо бар уҳдаи худ нагирифтааст.

Июль 1, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд