Натиҷаи тендери байналмилалӣ: НБО «Роғун»-ро ширкати Salini Impregilо-и Италия месозад

Июль 1, 2016 11:45

Душанбе, 01.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.

Хотиррасон бояд шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2008-2014 барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкории судманд дошт. Дар ин давра бо дастгирии ин Бонк баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» аз ҷониби ширкатҳову коршиносони байналмилалии Фаронса, Италия, Британияи Кабир, Швейтсария ва дигар давлатҳо ба таври шаффоф ва воқеъбинона анҷом дода шуданд. Аз рӯи натиҷаи ин баҳогузориҳо сохтмони нерӯгоҳи номбурда аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ гардидааст.

Дар ҳамин асос эълон оид ба гузаронидани тендерҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО «Роғун» мутобиқи 4 Лот дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои соҳавӣ дар даҳаи сеюми моҳи феврали соли 2015 ба нашр расид ва 40 ширкати ватанию хориҷӣ аз 17 давлати ҷаҳон ҳавасмандии худро барои иштирок дар сохтмони иншооти НБО “Роғун” изҳор намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷаласаи Комиссия оид ба гузаронидани тендерҳои (озмунҳои) байналмилалӣ барои сохтмони иншооти НБО «Роғун» аз 27 июни соли 2016 ширкати «Салини Импреҷило» ғолиби тендерӣ байналмилалӣ ҷиҳати лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” дониста шуд.

Маблағи умумии созишномаи имзошуда байни НБО «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило» дар 4 Лот 3,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Лоти 2-юми ин лоиҳа, ки сохтмони садди асосии нерӯгоҳро дар бар мегирад, 1 милларду 950 миллион доллари ИМА-ро дарбар мегирад.

Ширкати «Салини Импреҷило» Гурӯҳи саноатӣ буда, зиёда аз 110 сол боз ба сохтмони иншооти азим ва комплексҳои инфросохтории ҷаҳонӣ машғул мебошад. Ширкати мазкур дар ҷаҳон ҳудуди 230 садд (плотина) ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд намудааст. Ин ширкат дар фаъолияти худ аз инноватсияҳои технологии муосир истифода бурда, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти гидроэнергетикиро амалӣ мегардонад ва оид ба иҷро намудани лоиҳаҳои инфросохторӣ дар бахшҳои (соҳаи) обӣ дар ҷаҳон пешсаф аст. Дар айни замон Ширкати «Салини Импреҷило» дар беш аз 50 давлати ҷаҳон фаъолияти густурда дорад.

Июль 1, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид