Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷу литсейҳо/ Раиси созмони ҷавонони сол-2016»
Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгириву ҳавасмандсозӣ, тақвият бахшидани фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо Кумита ва ҷоннок намудани кори мудирону раисони созмонҳои кор бо ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷу литсейҳо ∕ Раиси созмони ҷавонони сол-2016»-ро эълон менамояд.
Дар озмун тамоми мудирони шуъбаи кор бо ҷавонон ва раисони созмонҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коллеҷу литсейҳо метавонанд иштирок намоянд.
Дархостҳо барои иштирок дар озмунро то 25-уми октябр ба суроғаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кўчаи Варзишгарон 6 метавонед ирсол намоед.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






