Озмуни «Волонтёри сол -2016» доир мегардад
Душанбе, 19.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгириву ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти худ ва ба ин васила ҷалби бештари шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ, баланд бардоштани мақоми ихтиёрӣ ва инчунин мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёри сол-2016»-ро эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун ҷавонони синни аз 16 то 30-сола, ки аъзои гурӯҳҳои волонтёрон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои самти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, метавонанд иштирок намоянд.
Барои ташкили самараноки озмун саволнома омода гардида, барои тамоми волонтёрон тавассути сохторҳои маҳаллӣ фиристода мешавад. Интихоби волонтёрони беҳтарин дар ду зина, 10 волонтёри беҳтарин (бо нишон додани номинатсияҳо) ва «Волонтёри сол- 2016» (як нафар духтар ва як нафар писар) амалӣ мегардад, ки барои ин аз ҳисоби мутахассисони соҳа Комиссия таъсис дода мешавад. Комиссия кори худро дар асоси саволномаҳои ҷамъоваригардида ба роҳ мемонад.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Озмун то 1 ноябри соли 2016 давом ёфта, дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тантана ҷамъбаст мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная , 6 дастрас намоянд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






