Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд: гурӯҳи навбатии муҳоҷирон ба Федератсияи Русия сафарбар шуд

Июль 30, 2016 10:20

Душанбе, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субъекти хоҷагидории ҶДММ «Сомонэкспресстранс» дар ҳамкорӣ бо раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Бино ба иттилои сардори гурӯҳ Акмал Ҳомидов, ки ҳамзамон вазифаи роҳбаладиро ба уҳда дорад, 40 нафар муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршуда асосан сокинони шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.
Акмал Ҳомидов инчунин зикр кард, ки шаҳри қабулкунандаи муҳоҷирон Сургут мебошад. Тибқи нақша онҳо асосан ба корҳои сохтмонӣ машғул хоҳанд шуд.
Дар маросими гусел муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони раёсат бо қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шинос ва бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 30, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад