С. Қодирзода, сардори Хадамоти зидиинҳисорӣ: «Ба Тоҷикистон шакар асосан аз Ҳиндустон ва Покистон ворид мешавад
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 56 %-и воридоти шакар ба Тоҷикистон ба Покистон рост меояд. Дар раддабандии воридоти шакар ба Тоҷикистон кишвари дигари осиёӣ Ҳиндустон бо 20 % зинаи дуюм ва Озарбойҷон бо зиёда аз 14 % воридоти шакар дар мақоми сеюм қарор доранд. Инчунин беш аз 9 %-и воридоти шакар ба Тоҷикистон ба дигар давлатҳо марбут аст.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин давра беш аз 40 субъекти хоҷагидор дар бозори воридоти шакар ширкат доштанд.
Ҳиссаи ширкатҳои «Шаҳром компания» дар воридоти шакар ба ҷумҳурӣ 56 %, «Созандаи ватан» беш аз 7 %, «Азиз 555» 6 %-ро ташкил дода, 7 %-и шакари воридотӣ ба соҳибкори инфиродӣ Абдулносир Абдулзоҳир ва беш аз 22 % ба 37 субъекти дигари хоҷагидор рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин давра нархи миёнаи фурӯши 1 кг шакар дар бозорҳои кишвар 6, 40 то 7 сомониро ташкил дод.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






