Шумораи ҷангиёни ДОИШ аз кишварҳои мусулмонӣ кам гардидааст
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар иброз дошт, ки тибқи нишондодҳои оморӣ шумораи ҷангиёни ДОИШ аз кишварҳои мусулмонӣ кам гардидааст.
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки имрӯзҳо гурӯҳи террористии ДОИШ дар ҳолати вазнин қарор дорад ва аллакай бисёре аз нафарон дарк намуданд, ки ба ин гурӯҳи террористӣ ҳамроҳ шудан хуб нест ва аз пайвастан ба ин гурӯҳ даст кашиданд.
Ба андешаи Худобердӣ Холиқназар, хатарноктарин идеалогияе, ки ҷангиёни ДОИШ доранд-ин нобуд кардани давлатҳои миллӣ мебошад ва он на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба тамоми давлатҳои исломӣ хатар дорад.








Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд






