Вусъати корҳои ободонӣ дар Турсунзода
Турсунзода, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Тамоми сокинони шаҳри Турсунзода барои бо дастовези арзанда истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш доранд»-, иброз дошт раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз доир гардид. Ба иттилои раиси шаҳр, бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ 12 иншооти хурду бузург сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Имсол дар ҳудуди шаҳри Турсунзода дар масоҳати 111 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла, дар майдони се гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфт. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 123,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллион сомонӣ зиёд аст.
Иқдоми раиси шаҳр барои дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Турсунзода баргузор намудани иду ҷашнвораҳои таърихӣ самар дод. Бо ин васила мавзеъҳои гуногуни шаҳри Турсунзода боз ҳам ободу зебо гашт. Дар маркази шаҳри Турсунзода роҳи зеризаминӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳамзамон 12 нуқтаи савдо ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷониби соҳибкорони шаҳр дар ҶСП «Ноқили Турсунзода» барои истеҳсоли симҳои мисин таҷҳизоти технологӣ насб гардид ва коргоҳи мазкур ба кор шурӯъ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






