26 медали тиллои варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар соли 2015
Душанбе. 08.10.2016, /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи варзиш аҳамияти калон дода, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш корҳои муайянеро анҷом додааст. Барои рушди соҳаи футбол бо қарорҳои раиси шаҳр 231 ҳазор сомонӣ ба дастаи «Хайр» ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат аз буҷаи маҳаллӣ маблағ ҷудо шудааст. Инчунин барои ҳавасманд намудани варзишгарон ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ 114 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Натиҷаи дастгириҳои раиси шаҳр буд, ки соли 2015 варзишгарони шаҳр дар 26 мусобиқаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда, соҳиби 26 медали тилло, 4 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гардиданд. Дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ бошад ба гирифтани 2 медали нуқра комёб гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






