Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 10 -12 дараҷа паст мешавад

Октябрь 17, 2016 16:59

Душанбе, 17.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаворо то 10 -12 дараҷа пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, шаби 18 ба 19 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок дар назар дошта шудааст.
20 октябр ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, рӯзҳои 21-22 эҳтимоли дубора шиддат гирифтани борон пешбинӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, 19-22 октябр ҳарорати ҳаво дар Суғд то 10-15 дараҷа, Хатлон 14-19 дараҷа, навоҳии тобеи марказ- 13-18 дараҷа ва ВМКБ то 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Октябрь 17, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд