Айнӣ: Аҳдия Фаррухзода ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол-2016» гардид
Душанбе, 12.10.12016./АМИТ «Ховар»/. Даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол- 2016» дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ бо иштироки ғолибони даври якум баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дар озмуни мазкур 16 нафар довталаб иштирок карда, аз рӯи шартҳои озмун ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳар довталаб баҳои муносиб дода, аз байни 16 нафар довталабон ғолибро муайян карданд. Ба муаллимаи МТМУ № 12, деҳаи Искодар Аҳдия Фарухзода ҷойи якум, муаллими МТМУ № 6, шаҳраки Зарафшон Садирхон Носиров ҷойи дуюм ва муаллимаи МТМУ №44, деҳаи Рарз Нигора Бобоева ҷои сеюмро муносиб донистанд.
Муаллимаи МТМУ №12, деҳаи Искодар Аҳдия Фарухзода ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол-2016» интихоб гардида, бо Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






