Амалиёт дар Мосул: аз ДИ 800 километри мураббаъ ҳудуд гирифта шуд
Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои амниятии Ироқ аз лаҳзаи оғози амалиёти озоднамоии Мосул наздики 800 километри мураббаъ ҳудудро аз ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнуъ дар Тоҷикистон) гирифтанд. Дар ин бора рӯзи душанбе намояндагони расмии Амрико зимни нишасти хабарӣ дар Пентагон иттилоъ доданд.
Бино ба арзёбии онҳо, амалиёти озоднамоии Мосул «оғози хуб» гирифт ва тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда пеш меравад. Дар баробари ин таъкид мешавад, ки мушовирони низомии Амрико бо ҷониби Ироқ дар ҳамкории зич фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти озоднамоии шаҳри Мосули Ироқ аз террористони ДИ шурӯъ аз 17 октябр идома дорад. Дар он низомиёни Ироқ, неруҳои маҳаллӣ, қувваҳои пешмаргаи курдӣ ва инчунин қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА иштирок доранд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






