Ҳамкорӣ бо мақсади бартараф кардани хушунат, табъиз нисбат ба занон ва кам кардани таъсири ифротгароӣ дар Тоҷикистон
Файзобод, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 8-уми октябри соли равон дар Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод бо иштироки директори Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон Зебо Шарифова ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова дар мавзӯи «Ҳамкорӣ бо мақсади бартараф кардани хушунат, табъиз нисбат ба занон ва кам кардани таъсири ифротгароӣ дар Тоҷикистон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар Тоҳир Рашидӣ ва Зебо Шарифова оид ба зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи занон, мушкилоти занони эҳтиёҷманд, ҳуқуқҳои зан аз нигоҳи дини мубини Ислом ва шомил нагардидани занон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ сухан гуфтанд.
Иштирокдорони семинар иброз доштанд, ки аз оилаҳои худ оғоз намуда, дар маҳаллаю ҷамъомадҳо дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба бартараф намудани мушкилоти занон дар ҷомеа таблиғу ташвиқ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






