Баррасии масъалаи омор дар семинари сатҳи баланди кишварҳои АШКОМ «Модерникунонии омори расмӣ»
Душанбе, 08.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар семинари сатҳи баланди кишварҳои Аврупои шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Миёна ва Муғулистон (АШКОМ) дар мавзӯи «Модерникунонии омори расмӣ» ва конфронс барои Барномаи азнавташкилдиҳии омори расмӣ ширкат варзид. Семинари сатҳи баланди кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар мавзӯи «Мукаммалсозии омори расмӣ» аз 3 то 5 октябр дар пойтахти Беларус- шаҳри Минск доир гардид.
Дар семинар масъалаҳои марбут ба сифати омори расмӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории омори Аврупо бо кишварҳои АШКОМ ва Муғулистон, муайян намудани самти фаъолияти низоми омори миллӣ, ҳамоҳангсозии мониторинги нишондиҳандаҳои рушди устувор ва ҳисобот баррасӣ шуданд.
Раисии иҷлосия оид ба ҳамоҳангсозии низоми омори миллиро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба уҳда дошта, доир ба таҷрибаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
7 — уми октябр муаррифии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фаъол намудани рушди технология дар ҷодаи ҷамъоварӣ, коркард ва интишори нишондодҳо дар низоми омори Тоҷикистон» сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






