Бонуи ҳунарманди хуҷандӣ ғолиби Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд – 2016» гардид
Душанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29-уми октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд – 2016» баргузор гардид.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Фестивали мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ ва рушди меҳнати хонагӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии атласу адраси «Суғд–2016»-ро Каромат Ашӯрматова, бонуи ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиб гардида, бо Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






