Д. Холов: «Таваҷҷуҳ ба Фалак-намунаи ҳунари волои мардумӣ хеле афзудааст»

Октябрь 10, 2016 15:10

Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар саросари ҷумҳурӣ 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар қаламрави кишвар як зумра барномаҳо бо ширкати фалаксароён аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор мегарданд. Бахшида ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо Ҳунарманди мардумии тоҷик Давлатманд Холов ҳамсуҳбат гардид.
«Мусиқии анъанавии тоҷикон яке аз асосҳои бойигарии маънавии халқи тоҷик буда, омӯзиши ин анъанаҳои мусиқӣ дар шароити имрӯза бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои илми мусиқӣ имконияти хеле васеъро фароҳам овард»,- зикр намуд дар суҳбат Д. Холов.
Инчунин ӯ иброз дошт, ки Истиқлолият ба арзишҳои мардумӣ, хосатан ба Шашмақом, Фалак ва фалакхониву мақомхонӣ арҷгузорӣ намуд. Айни ҳол, таваҷҷуҳ ба Фалак чун намунаи ҳунари волои мардумӣ хеле афзудааст.
Ба андешаи Давлатманди Хол, имрӯз ҳунармандон бояд бештар дар атрофи кори худ фикр кунанд, эҷод кунанд, ба мардум ҳунари худро расонанд ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ тарбия кунанд. Барои ин бояд мактабҳои соҳаи санъати суннатиро эҳё намоем.
Бино ба гуфтаи Д.Холов, ҳунармандони ботаҷриба бояд таҷрибаи бои худро ба ҷавонон омӯзанд, зеро имрӯз бисёр ҷавонон ба фаровардҳои фалак таваҷҷуҳ доранд.
«Ман аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле минатдор ҳастам, ки бо талошҳои ӯ ин мусиқии суннатии тоҷик дубора пуштибони худро ёфт ва имрӯз ин ҳунар-фалакхонӣ дар мамлакати мо рушд ёфтааст. Дар ҷашни имсолаи фалак мо мехоҳем навгониҳои зиёдро ба мардум пешкаш намоем, ба ин хотир дар барномаҳо бештар ҷавонон даъват мешаванд,-афзуд мусоҳиб.
Бояд гуфт, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар назди шаршараи Боғи Парчами миллӣ барномаи идона баргузор мегардад. Дар маҳфил роҳбарони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандони ансамбли «Фалак» ва дигар ҳунармандону меҳмонон ширкат меварзанд.

Октябрь 10, 2016 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд