Дар Файзобод барои мавсими зимистон 844,4 тонна ангишт захира шудааст

Октябрь 25, 2016 15:46

Файзобод, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» ҷиҳати таъмини соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо ангишт ва ҳезум барои мавсими зимистон 844,4 тонна ангишт ва 335 м2 ҳезум захира намудаанд. Аз тарафи корхонаҳои кишоварзӣ, новобаста аз шакли моликияташон 380 тонна тухмии ғалладона, 121 тонна тухмии картошка ва 12345 тонна захираи зарурии
хӯроки чорво барои зимистон дар  соли 2016-2017 захира карда шудааст.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Файзобод, оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, меъёри истифодаи барқ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

 

Октябрь 25, 2016 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа