Дар Шаҳристон беш аз 17 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст

Октябрь 12, 2016 16:49

Душанбе, 12.10.12016./АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон соли 2016 дар 611 гектар картошка кишт намуда, айни ҳол ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд. То ин муддат беш аз 17 ҳазор тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ карда шудааст. Имсол дурнамои истеҳсоли картошка дар ноҳия 18300 тонна мебошад.
Бино ба иттилои раёсати кишоварзии ноҳия, соли гузашта дар 605 гектар кишти картошка гузаронида шуда буд ва ҳосилнокии картошка имсол нисбат ба соли гузашта зиёд буда, аз 296 сентнери соли гузашта ба 304 сентнер расидааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дар солҳои охир, мувофиқи афзалиятҳои барномаи рушди соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳияи Шаҳристон аз нав таҷдид гардида, дар асоси он хоҷагиҳои хурди инфиродӣ ва оилавӣ таъсис ёфта истодаанд.
Дар ноҳия 12 адад кооперативи истеҳсолӣ, 2803 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Октябрь 12, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад