Дар вилояти Суғд таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ хуб ба роҳ монда шудааст
Душанбе, 20.10.2016. /АМИТ «Ховар/. Соли равон тибқи нақшаи Барномаи «Соли 2016-соли фарди солим» дар муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба маблағи 5,4 млн сомонӣ ба истифода додани 23 иншооти тандурустӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва ба тариқи ҳашар дар 44 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи 12,3 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд, ки аз нақшаи дар барнома пешбинигардида 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи барнома дар 182 иншоот ба маблағи зиёда аз 19 млн. сомонӣ корҳои таъмиру тармим иҷро карда шудаанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






