Дар Женева намоиши минётюрҳои рассоми шинохтаи Тоҷикистон Олим Камолов доир гардид

Октябрь 12, 2016 11:01

Душанбе, 12.10.12016./АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли равон дар бинои Дафтари СММ дар шаҳри Женева ифтитоҳи расмии намоиши минётюрҳои рассоми шинохтаи Тоҷикистон Олим Камолов, инчунин намоишгоҳи суратҳои табиати нотакрори кишвари мо баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагӣ ташкил гардид.

 
olim-kamol-3

Дар намоишгоҳ роҳбарияти Дафтари СММ, намояндагони сатҳи баланди ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар шаҳри Женева ва корпуси дипломатии кишвари иқомат ҳузур доштанд.
Намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии Намояндаии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева оғоз гардида, оид ба дастовардҳои кишвар дар давраи истиқлолият ва саъю кӯшиши роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъкид сухан гуфта шуд.
Зимни намоишгоҳ инчунин зиёфати расмӣ бо таомҳои миллии кишвар пешкаши меҳмонон гардид.

Октябрь 12, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид