Департаменти давлатии ИМА: тамоми неруҳои байналмилалӣ дар Ироқ бояд бо ризоияти мақомоти кишвар амал кунанд
Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи расмии департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки тамоми неруҳои байналмилалӣ дар Ироқ бояд мутобиқ бо созишнома ва ризоияти мақомоти кишвар амал кунанд.
«Дар хабарҳои охири ВАО дар бораи нақши неруҳои байналмилалӣ дар амалиёти Ироқ оид ба озодкунии Мосул навиштаанд. ИМА борҳо дар бораи дастгирии ваҳдат ва истиқлолияти Ироқ иброз намудааст, зеро мо мутмаинем, ки тамоми неруҳои байналмилалӣ бояд он ҷо бо иҷозати ҳукумати Ироқ ҳузур дошта бошанд ва таҳти сарпарастии эътилоф ҳамкорӣ намоянд», — гуфта мешавад дар изҳороти Кирби.
Намояндаи расмии департаменти давлатӣ дар ояндаи наздик ҳамкории зичтареро дар мубориза бар зидди гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ҳатмӣ номид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






