Сокинони пойтахт, барои як шабонарӯз об захира намоед!

Октябрь 24, 2016 11:45

Душанбе, 24.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони шаҳр муддати як шабонарӯз қатъ мегардад.
Аз ҷумла, аз соати 22:00 26 октябр то соати 24-и рӯзи 27 октябри соли равон интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Наҷмиддин Абдуллоев (ноҳияи Фирдавсӣ), кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб (ноҳияи Шоҳмансур) қатъ мегардад.
Инчунин аз соати 22:00- и 2 ноябр то соати 24:00-и 3 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин (ноҳияи Сино) қатъ карда мешавад.
Ҳамзамон интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 22:00 9 ноябр то соати 24:00 10 ноябр ба сокинони маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ) (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ қатъ мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯз интиқоли об дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1-и то 77-и ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н. Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мешавад.
Инчунин муддати як шабонарӯз, аз соати 16:00- и 16 ноябр то соати 24:00-и 17 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ ба сокинони маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ (ноҳияи Сино) ва Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон, инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) қатъ карда мешавад. Вобаста ба ин сокинони кӯчаҳои зикргардидаро зарур аст, ки барои як шабонарӯз оби нӯшокӣ захира намоянд.
Дар ин хусус сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Октябрь 24, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад