«Қишлоқаки кӯдакӣ»-маҳфили шеъру суруд бо иштироки Бозор Собиру Гулрухсор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 4, 2016 15:25

kishlokaki-kudakiДушанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар толори филармонияи халқии ба номи Нигина Рауповаи ноҳияи Файзобод бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шоирони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Раҳмат Назрӣ, овозхони маъруфи кишвар Муҳаррама Шарипова, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорон маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Қишлоқаки кӯдакӣ» баргузор гардид. Дар маҳфили шеъру суруд сарояндаи шинохта Ҳабибуллои Мирзошариф аз ашъори Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева ва Раҳмат Назрӣ сурудҳои тозаэҷод сароид.
Ҳамчунин дар маҳфили фарҳангӣ шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ сокинони ноҳияро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, дар васфи забону посдории он, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои сарҷамъии миллати тоҷику оромии кишвар сухан карданд.

Октябрь 4, 2016 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд