Конститутсия-танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа
Душанбе, 31.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Конститутсия танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа» бахшида ба 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он олимони ватанӣ ва хориҷӣ, мутахассисон ва доираи васеи омўзгорону аспирантон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва матбуоти даврӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмуриро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Д. Раҳмон дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории ҷамъомад иброз намуд, ки «Конститусияи ҶТ санади олии ҳуқуқӣ ва муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб рафта, тўли 22 соли амал тавонист муносибатҳои ҷамъиятиро муътадил ва муназзам гардонад. Бо шарофати Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист якчанд чорабинии муҳими сиёсиро сарбаландона пушти сар намояд. Бо шарофати Конститутсия мо тавонистем якчанд маротиба дар интихоботи Президенти ҶТ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иштирок намоем ва онҳоро интихоб созем. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст».
Дар конфронс доир ба мавзӯъҳои танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии созмонёбӣ ва фаъолияти мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва мавқеи он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатии ҶТ, самтҳои асосии рушди идоракунии маҳал дар ҶТ, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар партави тағйиру иловаҳои Конститутсияи соли 2016, нақши Конститутсия дар таҳкими низоми ҳизбии ҶТ ва ғайра шунида шуданд. Зимни баррасии мавзўъҳои мазкур аз ҷониби олимон ва мутахассисон пешниҳодҳо оид ба мукаммал намудани қонунгузорӣ, аз ҷумла қабул намудани қонунҳои конститусионӣ «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ», «Тартиби баргузории интихобот дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва ворид намудани тағийроту иловаҳо ба дигар қонунҳо ироа шуданд.
Таъкид карда шуд, ки Конститутсияи соли 1994 дар рушди давлатдории милии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






