Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар дили мактабиёни пойтахт меҳри китобро ҷо мекунанд
Душанбе, 10.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 54, № 44 ва № 62-и пойтахт рафта, дар доираи барномаи ҷалби хонандагон ба китобу китобхона бо хонандагони ин мактабҳо суҳбатҳо доир намуданд.
Масъулин дар суҳбат доир ба фаъолият ва имкониятҳои КМТ гуфтугў намуда, баъдан ба саволҳои хонандагон ҷавоб гардониданд. Барои маълумоти бештар пайдо намудан оид ба КМТ ба онҳо маълумотномаҳо тақсим карда шуданд.
Гурўҳи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ масъулин ба хубӣ пазироӣ намуда, барои суҳбат бо хонандагон шароити мусоид фароҳам оварданд.
Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






