М. Тоҳирӣ: «100 сол умр дида, солим мондан мумкин аст!»
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Гиёҳпизишк, табиб, академик ва Раиси ассотсиатсияи тибби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ ният дорад, ки дар муддати як моҳ, яъне аз 1 октябр то 1 ноябр дар муассисаҳои давлатию мактабҳои олии кишвар силсилаомӯзишҳоро ба роҳ монад.
Ин омӯзишҳо ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Чӣ тавр 100 сол умр дида, солим бимонӣ» гузаронида мешаванд.
Чунин омӯзиш имрӯз дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» низ гузаронида шуд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ ба иштирокчиён дар бораи тарзи ҳаёти солим, дуруст нӯшидани об, истифодаи маводи доруворӣ ва гиёҳҳо маълумот дод. Бино ба гуфтаи табиб, яке аз роҳҳои саломат нигоҳ доштани бадан- ин ханда мебошад. «Ханда ҳам доруст, одамро табобат мекунад- ин мисраъҳоро ман ҳанӯз 20 сол қабл гуфта будам. Ҳар як шахс бояд доимо табъи болида дошта бошад. Кинаву адоват ба шахс таъсири манфӣ мерасонанд. Барои болидагии хотир ҳар субҳи худро бо машқи пагоҳирӯзӣ огоҳ кунед. Дар ҷои кор кӯшиш кунед то ҳар як соат 5-10 дақиқа аз назди компютер дур шуда, машқи чашму баданро иҷро кунед»,-маслиҳат дод М. Тоҳирӣ.
Бояд гуфт, ки Муллозуҳур Тоҳирӣ соли 2004 бо унвони «Табиби беҳтарини ҷаҳон» сарфароз шудааст. Вай муаллифи 40 китоб буда, истеҳсоли 17 гиёҳчой ва дорувориро ба роҳ мондааст.
Номи М. Тоҳирӣ дар китоби рекордҳои Гиннес дарҷ гаштааст. Солҳои охир китоб, гиёҳчой, дорувориву нӯшобаҳои Муллозуҳур Тоҳирӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам машҳур гаштаанд.
Муллозуҳур Тоҳирӣ ният дорад, ки чунин омӯзишҳоро дар Қазоқистон ва Русия низ ба роҳ монад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






