Музаффар Ҳусейнзода бо Найҷел Миллс ва Ҷон Манн дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кард

Октябрь 25, 2016 15:42

Душанбе, 25.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябри соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ  Музаффар Ҳусейнзода намояндагони Парлумони Британияи Кабир аз Палатаи намояндагон ва Гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Британияи Кабир  Найҷел Миллс ва Ҷон Маннро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳю Стенли Филпотт иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиро оид ба густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз намуданд.

Октябрь 25, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд