Намоиши аксҳо ва фестивали филмҳои аврупоӣ дар «Бохтар»
Душанбе, 12.10.12016./АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии «Бохтар» намоиши аксҳои аксбардорони тоҷик Ҷамшед Холиқов ва Шӯҳрат Авезов таҳти унвони «Саёҳат дар Аврупо» ифтитоҳ гардид. Намоиш тӯли ҳафта ҳаводорони худро интизор аст.
Инчунин шоми дирӯз дар Маркази фарҳангии «Бохтар» Фестивали филмҳои аврупоӣ оғоз гардид. Намоиши филмҳо рӯзҳои 12, 14 ва 15-уми октябр соати 18:00 баргузор мегардад.
Намоишҳои мазкур дар доираи «Ҳафтаи аврупоӣ», ки 10 октябр оғоз гардид ва то 16 октябр идома меёбад, сурат мегиранд. Ҳафтаи аврупоӣ аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии «Бохтар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Фаронса, Бритониёи Кабир ва Олмон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тӯли ҳафта гузаронидани маҳфилҳои гуногун, озмунҳо, намоишҳо, нишастҳои матбуотӣ, барномаҳои консертӣ ва намоишҳои театрӣ дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






