Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» ба Алмаато меравад
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» -и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали VI байналхалқии «Қазоқистон дили Авру Осиё» иштирок хоҳад кард.
Фестивал аз 22 то 29 октябр бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар шаҳри Алмаато баргузор мегардад.
«Шабе дур аз Ватан» бардоште аз ашъори Бозор Собир буда, бо коргардонии ҳунарпешаи шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст. Нақшҳои асосиро дар намоишнома Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарипов ва Сӯҳроб Ҷанҷолов иҷро кардаанд. Ҳайати панҷнафараи театрро дар сафари Қазоқистон директори театри мазкур, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толиб Бобоев роҳбарӣ менамояд.
Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» то ин муддат дар чандин фестивал ва озмунҳои Федератсияи Русия, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






