Нозирони навраси ҳаракати Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалӣ иштирок мекунанд
Душанбе, 17.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анапаи Федератсияи Русия аз 11 то 24 октябри соли равон Озмуни XI байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор мегардад.
Дар озмун дастаҳои нозирони навраси ҳаракат дар роҳ (ННҲ) аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия ва 26 дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳи субъектҳои Федератсияи Русия ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзои дастаи нозирони навраси ҳаракат дар роҳи литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе муаррифӣ менамоянд.
Тавре баргузоркунандагони озмун хабар доданд, иштирокчиён дар ҷараёни озмун бояд кӯшишу маҳорати худро оид ба донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва маҳорати рондани велосипед аз монеаҳо нишон диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






