Ғолибони озмун бо нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони фаврӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил мегардад, озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ» байни кормандони раёсату шуъбаҳои фаврии мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид.
18 нафар кормандони самти фаврии мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми ҷумҳурӣ дар озмун иштирок карда, байни ҳам рақобат карданд. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб, муайян намудани ашё ва дигар лавозимот бо чашмони баста дар ҳолати торикӣ, дуруст муайян намудани номгӯи ашёҳо ва муайян намудани хотираи қавӣ иборат буд.
Дар интиҳо, ғолибони озмун бо нишони «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин бора Гул Маҳбуба, корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






