С. Никоненко: «Завқи баланд ва талошҳои пайваста дар соҳаи санъат бароям дастовардҳои зиёдеро эҳдо кардааст»
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Завқи баланд ва талошҳои пайваста дар соҳаи санъат бароям дастовардҳои зиёдеро эҳдо кардааст»,-иброз намуд Сергей Никоненко, Ҳунарманди халқии Русия зимни шаби эҷодиаш, ки дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили фарҳангӣ намояндагони Ҳукумати Федератсияи Русия, масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шумораи зиёди ҳаводорони эҷодиёти ин чеҳраи барҷастаи санъати рус ширкат намуданд.
Александр Никоненко дар маҳфил бо қироати шеъру тарона ва навозиши асбобҳои мусиқӣ табъи ҷамъомадагонро болида намуд. Тавре таъкид гардид, ин нахустин сафари ҳунарии Никоненко ба Тоҷикистон буда, он дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ миёни ду кишвар заминаи хуберо фароҳам хоҳад овард.
Сергей Никоненко на танҳо дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон ҳамчун ҳунарманди соҳибистеъдод шинохта шудааст.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






